Дар Бонки миллии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2019 бақияи умумии пасандозҳо 9,7 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 18,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 8,5% зиёд ва бо асъори хориҷӣ бошад, 7,8% коҳиш ёфтааст.

Ин оморро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

— Дар соли 2019 маблағе, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ба Бонки Миллӣ интиқол дода шудааст ба 2 миллиарду 731 миллион доллар баробар аст, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 6,6 фоиз ё 163 миллион. сомонӣ афзоиш ёфтааст, — қайд кард Нурмаҳмадзода Ҷамшед.

Тибқи гуфтаи Нурмаҳмадзода Ҷамшед  дар нимсолаи аввали соли 2019 то моҳҳои июн ва дар нимсолаи дуюм аз моҳҳои октябру ноябр шурӯъ гардида, коҳишёбии маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар моҳи январи соли ҷорӣ маблағ аз ҳисоби муҳоҷирон 8 миллион доллар зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Шаҳноз  Ализода,

Фараж

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here