Ба нишондоди соли 2019-ум, 66 дарсади ҳудуди ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ фаро гирифта шуда, то соли 2024 дар назар аст, ки дар саросари кишвар пахши рақамӣ фаъол шавад. Вале мутобиқи як созишномаи дар соли 2006 дар шаҳри Женеваи Фаронса ба имзо расида, Кумитаи телевизион ва радио муаззаф гардидааст, ки то моҳи июли соли 2020 фарогирии пахши рақамиро дар ҷумҳурӣ сад дарсад амалӣ гардонад.

Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Ализода Сӯҳроб рӯзи 5 –уми феврал дар нишасти матбуотии Кумитаи мазкур иллати ин таъхиркориро ба иқлими номусоиди Тоҷикистон вобаста донист.

– Релефи номусоиди мамлакати мо, барои ин амалро ба зудтарин фурсат амалӣ гардондан, монеъ мешавад. Аз ин сабаб мо ин корро то соли 2024 ба анҷом мерасонем, – гуфт Ализода Сӯҳроб.

Пахши рақамӣ ва фарогирии сартосарӣ имкон медиҳаҳад, ки кулли сокинони ҷумҳурӣ бо телевизионҳои ватанӣ фаро гирифта  шаванд. Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни нишаст журналистони расонаҳои мустақилу расмӣ аз муҳтавои пасти баъзе барномаҳои телевизионӣ ва зиёд будани реклама дар онҳо изҳори норозигӣ карда, аз раиси тозатаъйини Кумитаи телевизион ва радио Саид Нуриддин Саид рафъи ин мушкилотро тақозо карданд.

Муовини аввали Кумита Бобозода Шарифмурод мавҷуд будани баъзе аз камбудиҳоро дар 23 адад студияи зертобеи Кумита тасдиқ карда, афзуд, ки бо омадани раиси нав ин мушкилот роҳи ҳалли худро меёбад.

Раиси Кумита Саид Нуриддин Саид мавҷуд будани “рӯйхати сиёҳ”-и Кумитаро ки мувофиқи он баромади баъзе сарояндаон ба телевизион манъ гардидааст, рад кард.

– Дар Кумитаи телевизион ва радио то ҷойе ман медонам ҳеҷ “рӯйхати сиёҳе” нест. Фақат он ҳофизони кӯчагие, ки бо сурудани сурудҳои бемаъниии худ ба санъати тоҷик иснод меоранд, ба минбари телевизион роҳ намеёбанд, – таъкид кард Нуриддин Саид.

Саид Нуриддин дар мавриди барномаи нави кориаш  гуфт, ки корро аз якхелкунии андозаи ҳарфҳои компютерҳо, оғоз кардааст.

– Барои компютерҳо якдигарро хонда тавонистан, мо андозаи ҳарфҳо ё ба истилоҳ “шрифт”-и компютерҳоро якхела, яъне “шрифт”-и андозаи 14, “формат”-и  “Times New Roman”, кардем, – таъкид кард Саид Нуриддин Саид.

Вай илова намуд, ки Кумита барои бозомӯзии кормандони телевизиону радиоҳо дар кишварҳои хориҷа, ба Вазорати маориф ва илм мактуб кардааст.

– Дар наздиктарин фурсат кормандон аз ҳисоби квотаҳои Вазорати маориф ва “Дурахшандагон”, барои такмили ихтисос ба хориҷ мераванд, – гуфт ӯ.

Ба суоли хабарнигорон, ки дар мавриди пахш нагардидани баъзе аз иттилоотҳои зарурии қаламрави кишвар, дар телевизионҳои давлатӣ ба миён омада буд, муовини раиси Кумита Бобозода Шарифмурод гуфт, ки “ҳамаи хабарҳое, ки дар кишвар мешавад, вобаста ба моҳияташон, саривақт пахш мегарданд”.

Корманди дигари Кумита Сайрам Бақозода иловатан тавзеҳ дод, ки телевизионҳои давлатӣ изҳороти расмии масъулинро дар ин самт интизор мегарданд.

– Расонаҳои ғайридавлатӣ бошанд, ин изҳоротро интизор нашуда, “ба иттилои як манбаъ” гуфта, ҷузъиёти матлабро расонаӣ мекунанд, – гуфт Сайрам Бақозода.

Дар робита ба ин кор муҳаққиқони соҳаи журналистикаи тоҷик бар он назаранд, ки яке аз вижагиҳои хабару иттилоъ, ин саривақт ва ба зудтарин фурсат ба мардум расонидани он мебошад.

– Фаврияти хабар тақозо мекунад, ки навигариҳо зуд ва саривақт ба мардум расонида шаванд, – гуфтааст муҳаққиқи журналистика профессор Мурод Муродӣ.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки изҳороти расмии мақомот, ки баъдтар телевизионҳо аз он ҳамчун сарчашма истифода мебаранд, маводеро дар бар мегиранд, ки онро қаблан васоити ахбори оммаи хусусӣ, расонаӣ карда буданд.

Добавить комментарий