Муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ба 2 миллиону 471 ҳазор китоби дарсӣ эҳтиёҷ доранд, ки ин боиси нигаронии раиси вилоят шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳангоми боздидаш аз муассисаҳи таълимии ноҳияи Кушониён, Вахш, Ҷайҳун мушоҳида кардаст, ки 50-60 дарсади хонандагон китобҳои дарсӣ надоранд.
— Ин мушкил нигаронкунанда аст, зеро агар хонанда китоб надошта бошад, чӣ тавр ба дарс омода мешавад? Ҳамчунин норасоии мизу курсӣ ва лавозимоти хониш низ ба назар мерасад. Ғайр аз ин, дар вилоят ҳоло 10 муасссиаи таълимӣ дар вагон ва хонаҳо ҷойгир буда, дар 25 мактаби дигар хонандагон дар се баст таҳсил мекунанд, — гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исозода бо тасдиқи эродҳои раиси вилоят илова кард, ки эҳтиёҷоти китоб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷой дорад.
— Айни замон хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят тақрибан ба 2,5 миллион китоб эҳтиёҷ доранд. Барои дастрас кардани ин миқдор китоб ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод карда шудааст. Тақрибан 30 фоизи китобҳои нашркардаи Маркази табъу нашри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон ворид мешавад. Соли гузашта мо 1 миллиону 421 ҳазору 700 китобро ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дасрас кардем, аммо, мутасифона, ин пурра эҳтиёҷоти муасссиаҳои таълимиро ба китоб қонеъ карда наметавонад, — гуфт Диловар Исозода.
Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кушиш ба харҷ дода медиҳад, ки мушкили соҳаи моарифро то соли 2021, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, бартараф кунад.