Дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”, ки дар Минск (Беларус) идома дорад, дар гуруҳи В ҷойи аввалро соҳиб шуданд ва ба финал баромаданд.

Наврасони Тоҷикистон дар ду вохӯрӣ пирӯзӣ ба даст оварданд ва соҳиби 6 имтиёз шуданд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев аввал дастаи наврасони Исландро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд, сипас бар дастаи наврасони Исроил бо натиҷаи 0:4 мағлуб шуданд Дар бозии охири гуруҳӣ дастаи Тоҷикистон бар Гурҷистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҷоий дуюмро дар ин гуруҳ дастаи Исроил гирифт, Гурҷистон сеюм шуд ва Исланд дар ҷойи охир монд.

Дар гуруҳи дигар мизбони мусобиқа дастаи Беларус бо 7 имтиёз аввал шуд. Белгия низ соҳиби 7 имтиёз шуд, аммо бо таносуби ками голҳо дар зинаи дуюм ҷой гирифт. Дар ин гуруҳ Финланд сеюм ва Ӯзбекистон чорум шуданд.

Ду дастаи ҷойи аввал – Беларус ва Тоҷикистон барои ҷоми ин мусобиқа мубориза мебаранд. Дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Ҳамчунин, бозиҳо барои ҷойҳои панҷум то ҳафтум низ баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври баъдӣ

25 январ

Барои ҷойҳои 7-8

12:00 – Ӯзбекистан (U-16) – Исланд (U-17)

Барои ҷойҳои 5-6

14:15 – Финланд (U-17) – Гурҷистон (U-17)

Барои ҷойҳои 3-4

16:30 – Белгия (U-17) – Исроил (U-17)

Финал

18:45 – Беларус (U-17) – Тоҷикистон (U-16)

Соати баргузории бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here