Дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон (U-16) ғалабаи дуюми пайиҳамро дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ҷашн гирифт.

Бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “А” шоми 18-уми сентябр дар баргузор шуданд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев ин бор ба дарвозаи дастаи наврасони Кувайт 9 голи беҷавоб заданд. Дар ҳайати дастаи мо Кабир Салимшоев ва Абдулфатоҳ Худойдодзода дуголӣ, Муҳаммадворис Сайдалиев, Сунатулло Азизов, Меҳрубон Каримов, Хусрав Тоиров якголӣ заданд. Як тӯби дигарро худи кувайтиҳо вориди дарвозаашон карданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ мизбони бозиҳои гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби наврасони Урдун бар тими Шри Ланка бо ҳисоби 7:0 ғолиб омад.

Ҳамин тариқ, баъд аз се давр дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо шашхолӣ пешсафанд.

Фардо, 20-уми сентябр, дар даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, футболбозони навраси мо бо ҳамсолонашон аз Непал вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ соати 22:00 бо вақти Душанбест. Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои Урдун ва Кувайт сурат мегирад.

Ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми марҳилаи гуруҳӣ ба даври финалии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here