Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” имсол низ мисли соли гузашта намоишу фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷик ва тарҷумаи асарҳои адибони дигар кишварҳоро дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба фурӯш гузошт . Аз ҷумла 6 ҷилд асари “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Қуллиёт”-и Ҳофизи Шерозӣ, “Доғистони ман”-и Расул Ғамзатов, “Зиндагӣ ҳам нафасе”-и Кароматуллоҳи Мирзо, “Гаршоспномнома”-и Асадии Тӯсӣ, “Мунтахаби ашъор”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд”-и Чингиз Айтматов, “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ, “Девон”-и Сайидои Насафӣ ва ғайра харидори зиёд доштанд.
Ин иқдоме, ки аз тарафи нашриёти бонуфузи кишвар роҳандозӣ шудааст, дар ташаккулёбии маърифати илмии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар намоишу фурӯш инчунин шоирону нависандагон иштирок доштанд.
Нависандаи машҳури тоҷик Кароматуллоҳи Мирзо ин иқдомро хуш пазируфта қайд намуд, ки таввасути дастгириҳои бевоситаи Президенти дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг, нашриётҳо чопи китобҳоро афзун намуда, ба хотири дастрасии мардум ба китоб чунин намоишҳоро роҳандозӣ кардаанд.
Дар ин намоишу фурӯш китобҳои чопкардаи нашриёти “Адиб”, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе баргузор мегардад, бо нархҳои дастрас ба мардум пешкаш карда мешавад . Тавре мушоҳида шуд хонандагони китобҳои бузургон хоса “Маснавии маънавӣ” бениҳоят зиёданд. Хуб мешуд, теъдоди нашри онро зиёд кунанд, — иброз дошт Мирсаид Сатториён, ҷавоне ки аз ин намоишу фурӯш бо хурсандӣ дидан карда буд.
Шаҳноз Ализода, «Фараж»