Дар вилояти Хатлон нархи як килограм гӯшт то ба 60 сомонӣ расидаст, ки ин болоравӣ боиси нигаронии аксар сокинони вилоят гардидааст.

Даҳо нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз баландшавии нархи гӯшт дар бозорҳо изҳори ташвиш карданд. Онҳо гуфтанд, ки моҳе пеш нархи як килограм гӯшт 50 то 52 сомонӣ арзиш дошт, аммо рӯзҳои охир ба 58-60 сомонӣ  расидаст. “Аслан пеш аз ҳар иду ҷашнҳо нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум гарон мешавад. Ҳоло, ки ба фарорасии моҳи Рамазон рӯзҳои ба шумор мондаст ва аслан қисми зиёди мардум дар ин моҳ кушиш мекунанд, ки бештар гӯшт харанд, аз ин ҳисоб фурушандаҳо нархро якбора 10 сомонӣ зиёд карданд”, -мегӯянд харидорони гӯшт.

Аммо савдогароне, ки ба фурӯши гӯшт  машғуланд, омили болоравии онро гарон шудани нархи хӯроки чорво гуфтанд.

— Агар мо гӯштро бо нархи пешина фурушем, зарар мекунем, — гуфт як гӯштфурӯш.

Талошҳои мо барои суҳбат дар боби омилҳои баланд шудани нархи гӯшт ва назорати он бо масъулони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бенатиҷа анҷом ёфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here