Намоиш ва фурӯши маҳсулоти ватанӣ ва ҳунарҳои миллии мардуми Афғонистон рӯзҳои 14-15-уми март дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки меҳмонони хориҷӣ ва ихлосмандони ҳунари волои дастии ҳамзабонони моро ба ҳам овард.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ рӯзи шанбе, 14-уми март сафири навтаъйини Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадзоҳир Ағбар ва муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок доштанд.

Дар намоишгоҳ ҳунарҳои дастии мардуми Афғонистон, аз қабили қолинҳо, тоқиҳо, дастранҷҳои заргарӣ ва аз сангҳои ранга тайёркардашуда, ҳамчунин, маҳсулоти корхонаҳои афғонӣ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуданд. Сафирон ва намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ ба ҳунари волои мардуми ранҷбари афғон баҳои баланд доданд.

Гуфта шуд, соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон ба 121 миллиону 538 ҳазор доллар расидааст, ки тибқи омори расмӣ, соли 2018 он ба 99 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here