Ҳодисаи канда шудани обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё дар субҳи 1-уми майи соли равон аз худ хисороти ҷонӣ низ боқӣ гузоштааст. Сержанти Гвардияи миллии Ӯзбекистон Ҳусниддин Суяров зимни наҷот додани дигарон ба ҳалокат расидааст.

Дафтари матбуоти Гвардияи миллӣ дар ин бора иттилоъ медиҳад, баъди вуқӯъи ҳодисаи кандашавии девори обанбори Сардоба Ҳусниддин Суяров бо як нафар ходими Гвардияи миллӣ талош кардаанд, ки одамонро аз фалокати обхезӣ наҷот диҳанд, аммо мавҷи об Ҳусниддин Суяровро аз по афтондааст. Дар натиҷа вай ба гирдоби об фурӯ рафтааст.

Фармондеҳии Гвардияи миллии Ӯзбекистон ба Ҳусниддин Суяров ва пайвандони ӯ изҳори тасаллият кардааст. Гуфта мешавад, ки ҷӯстуҷӯҳои корманди дуюми Гвардияи миллӣ ҳанӯз натиҷае ба бор наовардаанд ва ин кор идома дорад.

Ба ин тариқ,  нахустин қурбонии кандашавии пеши оби обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё маълум шуд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 1 май бар асари канда шудани пешбанди обанбори Сардоба минтақаҳои зиёди ноҳияи Қурғонтепаи вилояти Сирдарё зери об мондааст. Ҳамон рӯз кормандони Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд ва аз минтақаи осебдида аҳолии шаҳраку рустоҳои зиёдро ба ҷойҳои дигар кӯчонидаанд.

Беш аз бист нафар сокини минтақаи мазкур барои халосии ҷони худ дар болои дарахтону боми хонаҳо паноҳ бурдаанд. Баъдан онҳо аз ҷониби ходимони идораи вазъиятҳои фавқулодда наҷот дода шудаанд.

Дар рӯзҳои аввали ҳодиса бештар аз 70 ҳазор сокини ин минтақа ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.  Қисме аз онҳо дар ҳамин ҳол ба манзилҳои зисти худ баргаштаанд.

Нерӯҳои сафарбаршуда хонаву ҳавлиҳои одамонро аз обу лой тоза мекунанд. Аммо барои онҳое, ки манзили зисташон дигар қобили истифода буда наметавонад, ҳукумат таъҷилан чораҳои зарурӣ пиёда менамояд.

Ҳамчунин, мардуми зиёди шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон дар ин рӯзҳои барои мардуми вилояти Сирдарё мушкилзо ва кумак ба осебдидагони ҳодисаи обхезӣ дар аксияҳои башардӯстона ширкат менамоянд. Аллакай даҳҳо мошин барои мардуми осебдида маводи мавриди ниёзашонро интиқол додаанд.

Ҷамъоварии маводи гуногунро мардуми шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон идома медиҳанд. Рӯзмарра ба ҷои ҳодиса маводи ҷамъоваришуда интиқол меёбанд.

Аз кандашавии обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё минтақаи калони ноҳияи Махтаарали вилояти Туркистони Ҷумҳурии ҳамҷавори Қазоқистон низ осеб дидааст. Гуфта мешавад, ки тафтишоти муқаддамотӣ зарари молии ин ҳодисаро барои мардуми ин ноҳия ҳудуди 1 миллион доллари амрикоӣ муайян кардааст.

Ҳоло мақомоти марбутаи Ӯзбекистону Қазоқистон паёмадҳои ин ҳодисаро боҳам баррасӣ мекунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here