Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунандаи Осиёи Марказӣ нишасти навбатии солонаи худро дар шаҳри Тошканд баргузор кард. Дар он намояндаи хоси Дабири кулли СММ ва раҳбари ин Марказ Наталия Герман, мудири шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Департаменти масоили сиёсӣ, амалиётҳои сулҳофарӣ ва оштидиҳандаи СММ Левент Билман, ноиби намояндаи хоси Дабири кулли СММ дар умури ҳамкориҳои Афғонистон Тоби Лансер, ҳамчунин ҷонишинони вазирони хориҷаи  панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон гирдиҳам омаданд.

Дар нишаст иштирокчиёни он перомуни масъалаҳои “Таҳдидҳои мавҷуда ва зуҳуркунанда дар муқобили амният ва суботи Осиёи Марказӣ”, “Муборизаи дастаҷамъона барои танзими таҳдидҳову хатарҳо ва дар ин замина ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оиди дипломатияи ҳифзкунандаи Осиёи Марказӣ”, “Осиёи Марказӣ ва Афғонистон”, “Мулоқот бо пешвоёни ҷавонони шаш кишвари минтақа”  табодули назар намуданд.

— Нишасти мазкур ҳар сол як маротиба баргузор мегардад. Мо ин бор нишасти нуҳӯми худро дар Тошканд доир кардем ва онро метавон ҷавоб ба мулоқоти дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард Ҳамчунин ин ҷо фаъолиятамон дар соли ба охир расида истодаро натиҷагирӣ намудем, нақшаи кор барои соли ояндаро тарҳрезӣ кардем.  Нишасти Тошканд имкон фароҳам овард, ки дар бораи барқарории сулҳ ва амният дар соири кишварҳои минтақа дар шакли густарда гуфтугӯ кунем, имкониятҳои рушди ҳамкорӣ  ва ҷидду ҷаҳд ҷиҳати пешгирии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз таҳдиду хатарҳои гуногунро баррасӣ намоем,-гуфт зимни суҳбати ихтисосӣ ба мухбири “Фараж” Наталия Герман.

Ба гуфтаи мавсуф тирамоҳи соли равон Маркази минтақавии СММ оиди дипломатияи пешгирикунандаи Осиёи Марказӣ лоиҳаи Академияи дипломатияи пешгирикунанда барои ҷавононро мавриди татбиқ қарор дод. Гуфта мешавад, ки ин ҷавонон дар минтақаҳои марзии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Сину соли   ширкаткунандагони ин ташаббус аз 17 то 25-соларо ташкил менамояд. Дар нишасти мазкур онҳо донишу маҳорати ҳосилнамудаи худро ба иштирокчиёни нишаст намоиш доданд ва ба ҷонишини вазири хориҷаи кишвари худ муроҷиатномаҳои худро ироа карданд.

— Ин ҷавонон фикру ақидаашонро дар бораи масъалаҳои барои минтақа басо муҳим арзёбӣ намуданд, яъне онҳо далел оварданд, ки ба суботу барқарории Осиёи Марказӣ ва Афғонистон кадом хавфу хатар таҳдид мекунад ва он чӣ гуна бояд ҷилавгирӣ шавад,-гуфт Наталия Герман.

Ба таъкиди ӯ дар мубориза алайҳи ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин мушкилоти иқтисодӣ ва экологӣ ин ҷавонон метавонанд нақши муассир бозанд. Ба ин васила кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз мавҷи хавфу хатар ва таҳдидҳо беш аз пеш эмин бимонанд.

Гуфта мешавад, дар нишаст ба баромади ҷавонони шаш кишвар ҷонишинони вазирони хориҷа таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуданд. Ин ҷавонон дар Академияи марказ чанд муддат такмили касбу дониш карданд ва бо иштироки худ дар нишасти Тошканд нисбати вазъияти минтақа ва саҳмашон дар барқарории субот вокуниш нишон доданд.

Онҳо дар баромадҳои худ иброз намуданд, ки баҳам овардани ҷавонон ва пайвастанашон ба лоиҳаи таҳти татбиқи Маркази минтақавии СММ оиди дипломатияи пешгирикунандаи Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои ногувору номатлуб нақши муассир хоҳад бозид ва ҷиҳати бартараф намудани иллатҳои барои ҷомеаҳои ин кишварҳо бегонаву хатарафзо мусоидат хоҳад кард.

Сокини шаҳри Хоруғ Обид Шарофов мегӯяд, ширкати ӯ ва ҳамтоёнаш дар чунин чорабиниҳои бузург ва бонуфуз баёнгари он мебошад, ки созмонҳои байналмилалӣ нисбати фикру ақидаи ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҳаргиз бетафовут нестанд.

— Дар шаҳри Алматии Қазоқистон чанд семинар баргузор гардид. Дар ҷараёни ин семинарҳо ба мо дар бораи дипломатияи пешгирикунандаи Осиёи Марказӣ маълумоти муфассал ироа карданд. Ҳоло аз он хушҳолем, ки Тоҷикистони азизро дар ин нишасти солонаи Маркази минтақавӣ муаррифӣ мекунем. Ҳадафи асосӣ аз роҳандозиҳои ин чорабиниҳо ба вуҷуд овардани эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқат дар байни ҷавонони кишварҳои минтақа мебошад. Агар дӯстиву рафоқати байни ҷавонон мустаҳкам шавад, он гоҳ сулҳу субот низ дар ин минтақа ҳамеша пойдору барқарор мегардад. Чунки ҷавонон пешбарандагони асосии ҷомеаҳои худ мебошанд,-мегӯяд Обид Шарофов.

Ба гуфтаи ӯ ин нукта дар нишасти мазкур аз тарафи намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва ҷонишинони вазирҳои хориҷаи шаш кишвар ошкоро эътироф карда шуд.

Фарангис Аҷабова, ҳамсуҳбати дигари мо мегӯяд, ки аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Тошканд омадааст.

— Даъват шудани мо ба ин нишаст ва дар сафи ҷавонони панҷ кишвари дигари минтақа иштирокамон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстии байни мамлакатҳо нақши ҷавонони ин кишварҳо низ хеле калон аст. Мо бояд талош ба харҷ диҳем, ки бо татбиқи лоиҳаи Маркази минтақавии СММ оиди дипломатияи пешгирикунандаи Осиёи Марказӣ  ҳарчи бештар саҳмгузор бошем,-афзуд Фарангис Аҷабова.

Гуфта шуд, ки дар нишасти солона авлавиятҳои ҳамкориҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунандаи Осиёи Марказӣ дар соли 2020 низ ба доираи баҳсу баррасӣ кашида шуд.

Ногуфта намонад, ки дар нишасти солонаи Маркази минтақавии СММ оиди дипломатияи пешгирикунандаи Осиёи Марказӣ ҷонишини вазири хориҷаи Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ширкат карданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here