Вазъи вахим ва ҳарчӣ бештар таҳдид кардани вируси Covid-19 кишварҳои оламро маҷбур кардааст, ки чораҳои пешгирикунандаро зиёдтар кунанд. Айни ҳол баста шудани сарҳадот, манъи содироту воридоти маҳсулот ва ҳолати қарантинӣ тадбирҳое мебошанд, ки кишваҳои олам аз ибтидои хурӯҷи вирус ин амалҳоро ҳамчун амали пешгирикунанда ҷорӣ кардаанд.

Федератсияи Русия аз қабили давлатҳоест, ки дар баъзе аз манотиқи кишвараш қарантин эълон карда ба сокинонаш дастур додааст, ки аз хона берун набароянд. Дар ҳамин ҳол вазъи зисту зиндагонии муҳоҷирони тоҷик, ки дар сохтмону фурӯшгоҳҳои Русия мавсимӣ кор мекарданд, мушкил шудааст.

Муҳоҷири тоҷики сокини ноҳияи Рӯдакӣ  Мирзоҳаётзода Раҳматуллои 21-сола аз шаҳри Маскави Русия дар сӯҳбати Faraj.tj гуфт: “Ҳоло мо аз субҳ то шом дар хонаем. Ба берун баромадан мумкин нест, ба истиснои наздиктарин дорухона ва фурӯшгоҳ. Дар ҳоли риоя накардани қарантин ва напӯшидани ниқоб аз 4 ҳазор то 5 ҳазор рубл ҷарима мешавем”.

— Ҳоло мо ҳама бекорем. Аз рӯзе, ки қарантин шуд, ҳамаамонро аз кор ҷавоб доданд. Корфармоён гуфтанд, пас аз муътадил шудани вазъ дубора моро ба кор даъват хоҳанд кард, — гуфт ин муҳоҷири тоҷик. – Дар Маскав рӯз аз рӯз вазъи сироятёфтагон зиёд мешавад. Телевизионҳои Руссия гузориш медиҳанд, ки шояд сирояти коронавирус  дар моҳи июл коҳиш ёбад.

Мирзоҳаётзода Раҳматулло мегӯяд, дар фурӯшгоҳҳои Маскав фурӯшандаҳои рус каманд.

— Дирӯз ба бозори маъруфи “Мандарин”-и Маскав барои харид рафтам. Бовар кунед, ҳама тоҷик. ягон фурӯшандаи русро надидам.

Баръакси Маскав, вазъи муҳоҷирон дар Екатеринбург  нисбатан муътадил аст. Гурӯҳе аз муҳоҷирони вилояи Суғд аз шаҳри Екатеринбурги Русия мегӯянд, дар ин ҷо на қарантин, балки соати коммендантӣ эълон кардаанд.

— Аз соати 6-и саҳар то 10-и бегоҳ берун баромадан мумкин аст. Ғайр аз ин, мо ба кори худ идома дода истодаем, — гуфт ҷавони муҳоҷир Азизмурод Саидмирзоев ба Faraj.tj.

Дар ҳамин ҳол ҳафтаи қаблӣ президенти Русия Владимир Путин муҳоҷиронро 3 моҳ аз пардохти андоз озод карда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here