Бозии ҷавобии марҳалаи плей-оффи  Ҷоми КФО  миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Тоҷикистон) ва Нефтчӣ”-и (Қирғизистон) бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи футболбозони шимоли кишвар анҷом ёфт. Дар варзишгоҳи марказӣ 5200 нафар мухлис ҷамъ омада буданд. Гурӯҳи мухлисон ҳаёҳукунон амали  бозингаронро танқид карда, ба чолокиашон офарин мегуфтанду ба ноӯҳдабароиашон даст меафшонданд. Аксари мухлисон ҷавонон буданд ва бо як овоз “Тоҷикистон” – гӯён рӯҳияи бозингарони худиро баланд мебардоштанд. Хабарнигори вебгоҳи Faraj.tj дар рафти бозӣ  бо чанд тан  мухлисон суҳбат орста,  атрофи ҳусну қубҳи бозӣ назари онҳоро шунид.

Мухлиси калонсол, Достмуҳаммад Қаъюмов буд, ки либоси миллӣ пӯшида, парчамафшонӣ карда, “Тоҷикистон ба пеш” – гӯён овоз баланд мекард. Ӯ дар дақиқаҳои охири нимаи қисми якум  пешгӯӣ кард, ки имрӯз “Хуҷанд” бурд хоҳад кард, чунки нисбат ба қирғизҳо бартарӣ доранд. Номбурда аз солҳи 70-ум сар карда,  дар ҳар бозии дастаҳои Тоҷикистон бо либоси миллӣ ва парчам иштирок мекардаааст.

Ҷавони тануманди тоҷик Раҷаб Маҳмудов хатоиҳои бозигаронро дида аррос мезад,  гӯё танбеҳ медод, қисмати дуюм ба охир расида буд ва  ӯ умед надошт, ки дастпарварони “Хуҷанд” дарвозаи ҳарифро рахна месозад.  Атрофиёни акаи Раҷаб ҳам ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфтанд, ки бозингарон аз партофтҳои головар истифода карда наметавонанд. Ҳариф  барқасд  “афтидаву хеста” вақткушӣ дорад, бозӣ ҳасту голзан нест.

Чанд нишони бехатои бозингари қирғизро дарвозабон Маъмурбек Икромов ба осонӣ  дошту  ғалоғулаи аҳсангуфтанҳо ба осмон печид.

Дар вақти иловагӣ ғайоричашмдошти мухлисон Дилшод Бозоров боз 2 гол ба даровзаи рақиб зад, ки ӯро мухлисон ситораи бозӣ унвон доданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here