Аз 1-уми март то 7-уми апрел тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ 68 ҳазору 657 довталаб ҳуҷҷат супоридаанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ММТ нақшаи қабули имсолаи довталабон 80 ҳазору 119 нафарро ташкил медиҳад.

Роҳбари дафтари матбуотии ММТ Замира Абдусаломзода дар сӯҳбат бо хабарнигори faraj.tj гуфт, ки миқдори довталабони то имрӯз ба кластери якум, “Табиӣ ва техникӣ” ҳуҷҷатсупорида, қонеъкунанда нест.

— Нақшаи қабул барои кластерии якум 21 ҳазору 16 нафар муайян шудааст, аммо то ҳанӯз ҳамагӣ 10 ҳазору 632 нафар ба ин кластер  ҳуҷҷат супоридаанд, — гуфт Замира Абдусаломзода. – Дар ин миён шумораи довталабони ба кластери 5-ум “Тиб, биология ва варзиш” ҳуҷҷатсупорида, ки нақшаи қабулаш 21 ҳазору 263 ҳазор нафар аст, аз миқдори муайянгардида зиёд шуда, ба 25 ҳазору 632 нафар баробар шудааст.

Миқдори нокифояи ҳуҷҷатсупоридагон ба кластери 1-ум “Табиӣ ва риёзӣ” дар ҳолест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ,  инкишофи фанҳои дақиқро махсус зикр намуда,  солҳои 2020-2040-ро “Соли рушди фанҳои табиӣ ва риёзӣ” эълон карда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here