Шумораи довталабоне, ки ҳамчун ятими кул ва бепарастор барои гирифтани имтиёз дар ИМД дар соли 2019 номнавис шудаанд, ҳамагӣ 272 нафарро ташкил додааст, ки нисбати соли 2018-ум 189 нафар кам мебошад. Шумораи довталабони нимятими бақайдгирифташуда бошад 5 ҳазору 191 нафар будааст, ки нисбати солҳои 2017, 2018 мувофиқан 394 ва 192 нафар коҳиш ёфтааст.
Ин маълумотро директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ дар нишасти матбуотӣ расонаӣ кард. Ҳамчунин, қайд шууд, ки имтиёз ба шахсони маъюб, фарзанди хизматчии ҳарбии ҳангоми адои вазифа ҳалокгашта, ғолибони олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, дода мешавад.
Сардори шӯъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Мирзошариф Шодиев иброз дошт, ки имтиёзгирандагонро шартан ба 8 гурӯҳ ҷудо намудаанд ва сину соли онҳо бояд то 21-сола бошад.
— Дар соли 2019 он нафароне, ки ҳамчун имтиёзгиранда ҳуҷҷатҳои худро ба ММТ супориданд, ҳамагӣ 279 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин ҳисоб 273 нафар ҳуҷҷатҳояшон тасдиқ гардид, ки 98% ро ташкил медиҳад. Имтиёз дар ҳаҷми 150 бал муайян шудааст. Аз ҳисоби бепарасторон 4 нафар ҳуҷҷат пешниҳод карданд, ки ҳуҷҷати 2 нафар тасдиқ шуд ва дар маҷмуъ 50 фоизи онҳо ба гирифтани имтиёз ноил гардиданд, — гуфт Мирзошариф Шодиев.
Дар масъалаи хизматчиёни ҳарбие, ки пас аз хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ ҳуҷҷатҳои худро ба макотибҳои олии кишвар месупоранд, Шодиев Мирзошариф қайд кард, ки пас аз гирифтани холи гузариш ба онҳо, имтиёз ба миқдори 75 бал дода мешавад.
— Афзалияти ин имтиёз аз дигар имтиёзҳо дар он аст, ки новобаста аз интихоби касб, ба он соҳиб мешаванд. Дар соли 2019-ум 736 нафар бо гирифтани балҳои имтиёзӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд, — гуфт ӯ.
Шаҳноз Ализода
Фараж
Муҳтарама, Шаҳноза Ализода, дар навишти хабар бояд бодиққат буд, зеро дар мақолаи мазкур аз беаҳамиятӣ ҳангомӣ қабули маълумот ба ноҷӯриҳо роҳ додаед. Аввалан, сардори шӯъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Бобошариф Шодиев набуда, Мирзошариф Шодиев мебошад. Сониян, таъкид шуда буд, ки имтиёзгирандагон шартан ба 8 гурӯҳ ҷудо гардидаанд. Барои имтиёзгирандагоне чун ятимони кул ва бепарасторон маҳдудияти синну солӣ мавҷуд аст ва синну соли онҳо дар вақти тақсимот бояд то 21-сола бошад.
Ҳамчунин, дар идомаи сухан зикр шуда буд, ки дар соли 2019 он нафароне, ки ҳамчун имтиёзгиранда ҳуҷҷатҳои худро ба ММТ супориданд, ҳамагӣ 1952 нафар НА 279 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб ҳуҷҷатҳои 1857 на 273 нафар аз ҷониби мақомоти дахлдор тасдиқ гардид ва ин 95%-ро ташкил медиҳад, на 98%-ро. Далеле, ки Шумо овардед, танҳо, ба ятимони кул мансуб аст.
Боқӣ ба Шумо барори кор. Хоҳишмандам, ки хабарро бо ислоҳ бори дигар манзури хонандагон гардонед.Ташаккур.
Имтиёз ба шахсоне ки дар кулоб хондагияй чанд балл куш мешавад