Ба эътирофи ин нашрияи бонуфузи Британия аз давраи баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон ислоҳоти васеъмиқёс пиёда мегардад. Гуфта мешавад, ки се сол муқаддам Ӯзбекистон як кишвари диктотурии пасошӯравӣ маҳсуб меёфт.
“Ҷомеаи ин кишвар дарҳои худро ба рӯи ҷаҳон баста буд ва азияту бесалоҳиятӣ дар он ҳукмравоӣ мекард”, — навиштааст ин маҷаллаи британӣ.
Ба ақидаи The Economist Ӯзбекистонро лозим меомад, ки роҳи дурударозеро тай кунад, вале дар соли 2019 “ягон кишвари дигар бо чунин суръат ба ин роҳи дурудароз нарафтааст”.
Дар соли равон ба феҳрасти номзадҳои мамлакати сол кишварҳои Зеландияи Нав, Македонияи Шимолӣ ва Судан низ шомил буданд, аммо Ӯзбекистон бо пиёда кардани ислоҳоти худ, пешрафтҳо дар соҳаи демократия, озодии баён ва амсоли он, ба чунин мақом сазовор дониста шудааст. Гуфта мешавад, ки дар сари ҳамаи ин пешравиҳо Президент Шавкат Мирзиёев меистад.
Бино ба навиштаи маҷаллаи The Economist соли гузашта лозим омад, ки аз миёни кишварҳои Арманистон, Малайзия ва Эфиопия барои мамлакати сол якеро интихоб кунад. Дар охир Арманистон тавонист, ки ба ин мақом соҳиб шавад, зеро дар ин кишвар ҳамаи имконият барои пешрафти демократия ва навсозиҳо мавҷуд буданд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд