25-ум ва 26-уми ноябри соли равон дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаҳои моқомоти қудратии кишвар дар мавзуи “Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳқиқот ва ҳисобот оид ба татбиқи лоиҳаи “Ҳадафи рушди устувор” мизи мудавар баргузор гардид.
Дар мизи гирд намояндаи Вазорати адлия аз фаъолияти гуруҳи кории лоиҳаи “Ҳадафи рушди устувор” суханронӣ кард.
Сардори раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷуҳурии Тоҷикистон Султоншо Ҳомидов баромад карда, дар мавзуи “Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳқиқот ва таҳияи ҳисоботи татбиқи “Ҳадафи рушди устувор” сухан гуфт. Ҳомидов иброз дошт, ки барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур бояд шарикони рушдро ҷалб шаванд.
Ҳамчунин, намояндаи Вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Ҳакимов низ дар бораи лоиҳаи “Ҳадафи рушди устувор” маълумот дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба миллигардонии мотниторинҳо ҷалб кард.
Номбурда иброз дошт, ки то кунун 162 мониторинг миллӣ гардонида шудааст, бояд то анҷоми лоиҳаи мазкур бештар аз ин мониторингҳо миллӣ гардонида шаванд.
Бояд тазакур дод, ки лоиҳаи “Ҳадафи рушди устувор” соли 2016 қабул гардидааст. Дар лоиҳаи мазкур 13 гуруҳи корӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо намоянда аз мақомоти гуногуни кишвар мебошанд.
Мизи мудаввари мазкур аз тарафи Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Комрони Аслон