Дар шаҳри Левакант то имрӯз 85 масҷиду мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншоотҳо уфунатзудоӣ (дезинфексия) карда шуданд.

Баҳри пешгирии вируси корона корҳои безараргардонӣ дар ҳама ташкилоту идораҳо ва хонаҳои шаҳрвандони шаҳри Левакант идома доранд. Дар ин бора директори маркази давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр Зуҳро Ибрагимова иттилоъ дод.

— Дар асоси дастуру супоришҳои Хукумати вилоят ва раиси шаҳр то рӯзи 7-уми апрели соли равон 85 иншоот, аз ҷумла 15 муассисаи таълимӣ, 4 кӯдакистон, 45 хонаҳои баландошёна, 10 бунгоҳи тиббӣ, тамоми масҷидҳои шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳо, дӯкону мағозаҳо ва роҳҳо уфунатзудоӣ карда шуданд, -гуфт Зуҳро Ибрагимова.

— Дар ин баробар, аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус гузаронида шуда, 800 ёддоштномаи (буклет) пешгирӣ аз ин вирус тақсим карда шудааст, — қайд кард мусоҳиби мо ва афзуд: — Ситоди пешгирии коронавирус дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳбарии раиси шаҳр амал мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here