Субҳи рӯзи 13-уми март дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе садамаи найлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расидаву 8 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Кушониён гуфтанд, ки ҳоло тафтишот дар ин самт идома дорад. Тибқи маълумоти онҳо ронандаи автомошинаи “Опел” ба ҳалокат расида, 8 нафари дигар дар Беморхонаи вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов бистарӣ шудаанд.

Масъулони Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов хабар доданд, ки субҳи имрӯз 8 нафар осебдидаи садамаи мазкур ба беморхона оварда шуданд, ки 4 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор дошта, як нафари дигар аз бистарӣ шудан даст кашидааст. Ҳолати 3 нафар бемори дигарро муътадил арзёбӣ карданд.

Дар ин садама автомашинаҳои тамғаи “Мерседес” ва “Опел” ба ҳам бархурдаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here