Баъди заҳролудшавии 11 узви як оила дар ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи  Кӯшониён ва фавти се нафари онҳо сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён Идибек Боймуродзода аз вазифааш барканор шуд.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён Давлатзода Маҳмад тасдиқ кард, ки сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён аз вазифа барканор шудааст.

Ин шахси масъул омили сабукдӯш шудани Идибек Боймуродзодаро бетаваҷҷуҳӣ нисбати заҳролудшавии 11 нафар узви оилаи Солиевҳо ва фавти се узви ин оила аз деҳаи «Комсомол»-и ҷамоати “Заргар” рабт дод.

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон шаби 27-уми март 11 узви як оила пас аз истеъмоли занбурӯғ, дар як вақт заҳролуд гардида, як кӯдаки сесола рӯзи якуми апрел  ва як зану кӯдаки дигар рӯзи 2-юми апрел вафот карданд.

Ба гуфти як манбаи огоҳ имрӯз прокуратураи ноҳияи Кӯшониён ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардааст.

Мавзӯъро пайгирӣ хоҳем кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here