Вазири тандурустии давлати Исроил Яаков Литсман бо ҳамсараш ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ иттилоъ дода менависанд, ки феълан ҳолаташон хуб аст ва ба онҳо иҷозат дода шудааст, то дар хона зери назорати табибон бимонанд.

Вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, ки вазир аз хона ба нақшаи кориаш идома хоҳад дод ва ашхоси тайи ду ҳафтаи охир бо оилаи Литсманҳо иртибот доштаро муайян ва дар қарантини хонагӣ қарор хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, ки қаблан сарвазири Исроил Бинямин Нетаняху низ ба коронавирус мубтало гардида буд. Вобаста ба ин ҳолат аз 19-уми март дар ин кишвар ҳолати фавқулодда эълон гардидааст ва бе зарурат баромадан аз хонаҳо ба сокинон мамнуъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шумораи гирифторон ба вируси “КОВИД-19” дар ҷаҳон наздик ба як миллион нафар расидааст. Теъдоди шифоёфтагон беш аз 194 ҳазор ва фавтидагон зиёда аз 47 ҳазор тан гуфта мешавад. Дар ин миён Италия, Испания, Амрико ва Фаронса аз кишварҳоеанд, ки бештар талафоти ҷонӣ додаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here