Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар муроҷиати чанде аз имомхатибон ба намозгузоронро барои муваққатан худдорӣ кардан аз иштирок дар намозҳои ҷамоат тасмими фардии ҳайати муассисони масоҷид ва тавсияҳои Маркази исломии Тоҷикистон унвон кард. Ин дар ҳолест, ки як рӯзи охир аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди манъи намозгузорӣ дар масоҷид сару садоҳо чарх мезанад.
Сухангӯи Кумитаи мазкур Афшини Муқим дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ин тасмими пешгирикунандаи худи ходимони дин ва ҳайати муассисони масҷидҳо аст, ки дар асоси вазъи баамаломада гирифта шудааст. Аз ҷониби Кумитаи дин ягон дастуре ҷиҳати манъи баргузории намозҳо дар масоҷиди кишвар дода нашудааст.
— Бубинед, чунин тасмимҳо дар дигар кишварҳои мусулмоннишини олам ҳам гирифта шудааст. Ҳатто Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба хотири ҳифзи сиҳатии мардум муваққатан сафари мусулмонон барои адои ҳаҷҷи умраро мамнуъ эълон кард. Аммо дар умум дар ҳамаи масҷидҳои ин кишвар аз ҷониби мақомоти ваколатдор, ба истилоҳ, вазъи карантинӣ эълон нашудааст, — гуфт Афшини Муқим.
Намозгузорони чанд масҷид дар шаҳри Душанбе низ гуфтанд, ки шоми рӯзи гузашта имомхатибон аз онҳо хостаанд, то сар аз субҳи рӯзи 4-уми март муваққатан ба масҷид наоянд ва намозро дар хона хонанд.
Ба назар чунин мерасад, ки чунин тасмим танҳо барои масҷидҳои шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Панҷ ба “Фараж” гуфтанд, ки барои манъи намозгузорӣ дар масҷид аз касе дастур нагирифтаанд ва намозгузорон мисли қабл ба масҷид меоянд.