Комиссияи миллии тандурустии Чин, 27-уми феврал аз гирифтории 406 нафари дигар ба коронавирус, гузориш дод.

Шумораи умумии тасдиқшудаи гирифтор ба вируси нав дар Чин, ба 78 ҳазору 497 нафар расидааст, навиштааст Агентии иттилоотии Рейтерс . Миқдори  фавтидагон 29 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи ҳадди ақали рӯзи 28-уми январ мебошад.  Гирифторон нисбат ба рӯзи гузашта 52 нафар коҳиш ёфтаанд, вале миқдори сироятёбӣ дар хориҷ аз Чин бештар шудааст.

Ин вирус дар Чин то кунун 2 ҳазору 744 нафарро ба ҳалокат расонидааст. Намояндагони ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ азм доранд, ки барои гуфтушунид  ва баррасии масъала ба маркази хурӯҷи вирус – шаҳри Вуҳан раванд. Дар ин шаҳр, рӯзи гузашта 26 нафар бар асари коронавирус ба ҳалокат расиданд. Пекину  музофоти Ҳейлонгҷиян пас аз Ҳубей маргбортарин музофотҳо ба ҳисоб мераванд, ки фавт дар онҳо бештар ба қайд гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here