Палатаи қонунгузори (поёни) парлумони Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки маҷлисҳои палата бо сабаби хатари паҳншавии коронавируси нав қатъ карда шаванд, фраксияҳои ҳизбҳо ният доранд, ки аз фосилаи дур онлайнӣ кор кунанд.
«Тасмим гирифта шуд, ки чорабиниҳо дар палатаи поёнии парлумон муваққатан лағв карда шаванд», гуфта мешавад дар изҳороте, дар сайти палатаи қонунгузорӣ. Аз ҷумла, «соати ҳукумат», ки 7-уми апрел таъин шуда буд, бекор карда шудааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ин Палата фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ, кумитаҳои палатаи поёнӣ ният доранд, ки дар баррасии лоиҳаҳои қонунҳо дар интернет, аз ҷумла дар мессенҷери Telegram кор кунанд.
Аз соли 2005 дар Ӯзбекистон парлумони дупалатагӣ таъсис ёфтааст. Дар палатаи болоӣ 100 сенатор ва 150 вакил дар палатаи қонунгузор (поёнӣ) ҳастанд, ки ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешаванд. Интихоботи навбатии қонунгузорӣ дар ду марҳила баргузор шуд — 22-юми декабри соли 2019 ва 5-уми январи соли 2020.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, субҳи рӯзи 18-уми март шумораи мубталоён ба коронавирус ба 13 нафар расид. Аз 16-уми март мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки робитаҳои нақлиётиро бо кишварҳои дигар, бинобар хатари паҳншавии коронавирус, қатъ кунанд. Тамоми чорабиниҳои оммавӣ бекор карда шудаанд, театрҳо ва кинотеатрҳоро бастаанд.