Шаҳри Вуҳани Чин гаҳвораи пандемия, ки тарзи ҳаёти тақрибан ҳама одамони рӯйи заминро тайғир додааст, ҳоло ҳам дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Мардуми Вуҳан ба кадом мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд? Боз миллатҳои ҷаҳон бояд ба чӣ омода бошанд?
Ҳоло соҳибкороне, ки дар ин шаҳр ба кор шурӯъ кардаанд, наметавонанд тибқи нақша кор кунанд. Ҳукумат то ҳол вуруд ва хуруҷи сокинонро назорат мекунад. Инчунин, мактабҳо ва дигар иншооти ҷамъиятӣ то ҳанӯз бастаанд.
Роҳбарияти Ҳизби комунистӣ дар оғози сол роҳи 11 миллион аҳолии Вуҳанро ба берун баст. Бисёриҳо инро ҳамчун иқдоми тарсонидани режими авторитарии Чин медонистанд, аммо вақте эпидемия шакли пандемияро гирифт, дигарон аз таҷрибаи Чин истифода карданд.
Ҳукумат дар Вуҳан ҳоло ҳам аз сокинон даъват мекунад, ки дар хона бимонанд.
Агентии Синхуаи Чин навиштааст, ки “сокинони Вуҳан дар муддати кӯтоҳ шоҳиди фавти даҳҳо ҳазор нафар гардиданд. Ин фавт ба рӯҳияи мардум таъсир расонд. Шаҳр мисли мегаполиси қаблӣ нест”.
— Дар як рӯз, 94 дарсади корхонаҳо дар Вуҳан ба фаъолияти дубора оғоз карданд, аммо дар бораи коршоямии пурраи сокинон маълумоти дақиқе вуқуд надорад. Мушкилоти асосӣ бозгашти коргарон ба корхонаҳо мебошад, — гузориш додааст Синхуа
Азбаски мубориза бо пандемия дар бисёр кишварҳои ҷаҳон пуршиддат аст, саноати Чин аз ҳаҷми калони содирот бехабар аст.
Ҳоло қобилияти харидории аҳолӣ он қадар баланд нест ва корфармоёни тиҷорати хурд барои пардохти музди корашон маблағи кофӣ надоранд.
Муассисаҳои бузурги хӯрокворӣ дар Вуҳан аз давлат кӯмаки молӣ хостор шудаанд. Бо вуҷуди боз шудани шаҳр , вазъ бо далели пурзӯр кардани тартибот дар дигар вилоятҳо, сабук нагардидааст.