Як моҳ баъд мусалмонони саросари дунё моҳи Рамазонро истиқбол хоҳанд гирифт. Сар аз имрӯз мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар хусуси чӣ гуна пандемияи коронавирус ба моҳи муқаддаси Ислом таъсир хоҳад кард, сӯҳбат мекунанд.

Анъанаҳои моҳи шарифи Рамазон, ки тахминан 23-юми апрел оғоз мегардад, ба ҷамъомадҳои умумӣ нигаронида шудааст. Одатан, дар моҳи Рамазон мардум хӯроки субҳу шом ва намозҳоро ба таври дастаҷамӣ  иҷро мекунанд. Аммо вақте ки кишварҳои ҷаҳон ба манъ кардани гирдиҳамоиҳои иҷтимоӣ, ҷиҳати паҳн нагардидани каронавирус гузаштаанд, бисёри мусалмонон нигарониҳои худро дар боруи он, ки чӣ гуна дар моҳи Рамазон амал мекунанд, иброз мекунанд.

“Дар моҳи Рамазон ман кӯшиш мекунам, ки ҳамаи намозҳоямро дар масҷид хонам, – гуфтааст корбари Твиттер Луис Диниро. – Мутассифона, ин Рамазон чунин ба назар мерасад, ки мо дар ҳолати ногувор қарор хоҳем гирифт. Бигзор моҳи Рамазонро ба таври муқаррарӣ истиқбол гирем ва ба ин пандемия хотима диҳем”.

Дар ҳамин ҳол бисёре аз кишварҳои мусалмон , аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб то лаҳзаи огоҳии коронавирус  баргузории намозҳои дастаҷамъиро боздоштаанд. Агар ин амалҳо то моҳи оянда идома ёбад, намози таровеҳ, ки аз фаризаҳои моҳи Рамазон аст, низ шояд манъ карда мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here