AKDN ShakeOut – тадриси ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳадафи он омодасозӣ ва таълими одамон, инчунин амалкарди онҳо аснои ҳолати эҳтимолии ба вуқӯъ пайвастани заминҷунбӣ мебошад. Соли гузашта оҷонсиҳо ва муассисаҳои AKDN барои ширкат дар машқҳои AKDN ShakeOut Drill зиёда аз 819 114 нафарро дар 24 кишвари ҷаҳон ҷалб карданд.

Бисёре аз оҷонсиҳои AKDN дар минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол кор мекунанд. Тоҷикистон низ ба минтақаи аз диди сейсмикӣ фаъол дохил аст. Ҳадафи аслии тамриноти ShakeOut омӯзиши кормандон дар ҳолати ба вуқӯъ пайвастани заминларза ва таъмини амнияти кормандону атрофиён аст.

Соли гузашта танҳо дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз 194 600 техникаи Drop Cover ва Hold On-ро таҷриба карданд, ки аз ин теъдод 4690 нафар кормандон ва ихтиёриёни AKDN буданд.

Имсол, ширкати Tcell дар якҷоягӣ бо иҷорагирон низ ба доираи ин тамринот шомил шуд.

Дар бинои Tcell Plaza тренинг-тамринҳо оид ба заминҷунбӣ ва ироаи кӯмаки аввалияи тиббӣ ба   зарардидагони эҳтимолии заминҷунбӣ гузаронида шуданд. Дар машқҳои таълимии ShakeOut    221 корманди Tcell ва 39 корманди ширкатҳои иҷорагир (Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), Accelerate Prosperity ва AKAN) иштирок карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here