Харвӣ Вайнштейн дар озори ҷинсии ду зани ҳунарманд айбдор дониста шуд, вале дар умум вобаста ба озори ҷинсӣ аз тарафи Вайнштейн 90 зан ба мақомот муроҷиат кардаанд.
Дар ин бора The New York Times хабар додааст.
Ба иттилои ин расонаи амрикоӣ, Вайнштейн ба таҷовузи ҳунармандони ҳолливудӣ Ҷесика Манн дар соли 2013 ва Мириам Хейлӣ дар соли 2006 гунаҳкор дониста шуд. Ин дар ҳолест, ки коргардон иттиҳомро қабул надорад ва гуфтааст, ки муносибати маҳрамонааш бо занон бо хоҳиши тарафайн сурат гирифтааст.
Прокурор дар мурофиаи судӣ гуфтааст, ки Харвӣ Вайнштейн зӯроварии ҷинсиро тӯли чор даҳсола бо 90 зани ҳунарманд анҷом додааст.
Гуфта мешавад, миёни ҷабрдидагони озори ҷинсии Вайнштейн ҳунармандони маъруф, аз қабили Анҷелина Ҷолӣ, Ума Турман ва Эшлӣ Ҷадд низ будаанд.