Агентии байналхалқии рейтингии  Fitch пешгӯӣ кард, ки эҳтимолияти  таъсири манфӣ ба ММД (ВВП)-и Русия дар назар аст. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ иқтисодиёт 3,3% коҳиш ёбад. Ин дар ҳолест, ки оғози моҳи апрел ин нишондод 1,4% гуфта мешуд.

Мувофиқи пешбинии ин агентӣ соли 2021 афзоиши иқтисодиёти Русия 2,5% ташкил хоҳад дод. Соли 2019 афзоиши ММД-и Русия 1,3% муқаррар гардида буд.

Тавре манбаъ мегӯяд, пастравии сатҳи иқтисодӣ ба дунёгир шудани коронавирус вобаста буда,  паст будани нархи маҳсулоти хом низ яке аз омилҳои асосӣ дониста мешавад.

Оҷонсии итилоотии «РБК» хабар медиҳад, ки кӯшишҳои амалҳои қаллобӣ аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳидаи қаллобон дар ҳаққи муштариёни бонкҳои «ВТБ» ва «Промсвязбанк» то  ба 15 % расидааст, ки ин низ яке аз пайомади коҳишёбии сатҳи иқтисодиёт дониста мешавад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати молияи Русия  аз қонуни наве, ки ба наздикӣ қабул шуд, иттилоъ дод. Тибқи он пардохти кормандони соҳаи тиб, нафароне, ки дар расонидани ёрӣ ба аҳолӣ ширкат кардаанд, сокиноне, ки дар онҳо нав  коронавирусро муайян карданд, аз супоридани андози патент озод карда шудаанд.

Мувофиқи омор 31% ММД-и Тоҷикистон маҳз аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ буда, табиист, ки пастравии иқтисодиёти Русия ба иқтисодиёти миллӣ низ бетаъсир нест.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here