Субҳи 11 январи соли равон аз ҷониби Нашриёти “Адиб” дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш – фурӯши осори адибони ватаниву хориҷӣ доир гардид.

Тавре директори нашриёти”Адиб” Давлат Сафар иброз дошт, дар намоиш – фурӯши мазкур 150 номӯйи осори адибон, бо теъдоди 3200 нусха пешкаши дӯстдорони китоб гардонида шуд.

— Ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлалакат, ки зимни паём дар масъалаи китоб ироа намуда буданд, Нашриёти “Адиб” тасмим гирифт, ки барои ҷалби мардум ба китоб намоиши мазкурро доир намояд. Дар намоишгоҳи имрӯза кормандони ҳамаи сохторҳои давлатӣ иштирок намуда, бо номгӯйи осори аз тарафи нашриёти “Адиб” интишоршуда шинос гардиданд. Иштирокдорон қариб 1200 нӯсха китобро харидорӣ карда, ҷиҳати дастраскунии чанд феҳристи дигари адабиёт ба китобхонаҳои муассисаи худ дархост пешниҳод карданд,- баён дошт Давлат Сафар,- Дар назар аст, ки чунин намоиш – фурӯш дар нуқтаҳои дигари ҷумҳурӣ низ доир гардад.

Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистон таъкид намуд, ки гарчанде Нашриёти “Адиб” пайваста ин иқдомҳоро доир мекунад, намоишгоҳи имрӯзааш аз чорабиниҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад.

— Соли гузашта Нашриёти “Адиб” дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ намоиш – фурӯши китобро баргузор кард, ки мардум бо шавқу завқ китоб харидорӣ намуданд.Ташаббусҳои Президенти мамлакат адибону кормандони нашриётҳоро водор кард, ки осори тозанашру дардхӯри ҷомеаро таълифу интишор намоянд. — зикр намуд шоир Гулназар Келдӣ, —  Аз сабабе, ки китобҳои кӯҳнаи замони шӯравӣ интишоршуда, имрӯз ҳам дар китобхонаҳои музофотҳо мавҷуданду бархеашон ба дарди ҳеҷ кас намехӯрад, минбаъд мо — адибон атрофи дастраскунии китоб ба китобхонаҳои деҳаҳот кӯшишҳо хоҳем кард.

Полковники милитсия Азиза Давлатшоева аз тарафи кафедраи педагогикаи академияи милитситсияи ВКД дар намоишгоҳ иштирок дошт, гуфт, ки 7 номгӯй китобро харидорӣ кардаасту феҳристи зиёти дигареро ба рӯйхат гирифта, барои  дастраскунии он ба Академияи милитсия муроҷиат хоҳад кард.

Фарзона Қамаридинова аз Пажуҳишгоҳи гастроэнерология ба намоишгоҳгоҳ омада буд ва чун табиб таъкид кард, ки дар баробари истеъмоли дору китоб низ метавонад тавонбахши рӯҳу равони шахс бошад.

Саддам Давлатов, донишҷӯ аз Фархор, гуфт, ки дастраскунии китобҳои тозанашр ва харидории он дар ноҳияаашон мушкил аст. Мағозае ҳаст, ки дар он аз сабаби гаронии нарх имкони хариди китоб бо душворӣ сурат мегирад.

— Имрӯз дар намоишгоҳ ман тавонистам, ки 3 ҷилди “Маснавии маънавӣ”-ро бо нархи 45 сомонӣ харидорӣ кунам, ки ин аз нархи мағозаҳо як баробар арзонтар аст, — дар идомаи суханаш илова намуд Саддам Давлатов.

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар дар паёми роҳнамунсозандаи имсолаи худ ба масоили китоб махсус тамаркуз карда, дар самти таълифу дастраскунии мардум ба китоб дастуру супоришҳои мушаххас дод.

2 ШАРҲҲОИ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here