Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз ҳисоби Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон 9 км роҳ таъмири асосӣ, 280 км таъмири ҷорӣ ва 55 километр роҳ сангфарш карда шудааст.
Роҳбари Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Раҷабалӣ Муродов гуфт, саҳми соҳибкорони ноҳия дар таъмири роҳу пулҳо назаррас мебошад. Дар 11 моҳи соли равон аз ҳисоби онҳо бо харҷи 3 миллиону 408 ҳазор сомонӣ 7 километр роҳ таъмири асосӣ шуда, 44 км таъмири ҷорӣ, 55 км санфарш гардида ва 10 пул аз таъмир бароварда шудааст.
— Ҳамчунин, аз ҳисоби мақомоти маҳал барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта як миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бо ин маблағ даҳҳо километр роҳ таъмир шуданд, — гуфт ӯ ва афзуд,ки аз ҳисоби Вазорати нақлиёт барои таъмири роҳҳои аҳмияти ҷумҳуриявидошта 226 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
— Муассиса барои зимистонгузаронӣ 1 ҳазору 100 куб маводи зидди лағжиш, се ҳазор литр сузишвории дизелӣ, 6 куб ҳезум ва се тонна ангишт захира кардааст. Инчунин, 8 техника барои тоза кардани роҳ аз барф омодаи кор ҳастанд, — илова кард роҳбари муассиса.