Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад,  341 иншоот бунёд хоҳанд шуд.

Аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ёвон ба мо хабар доданд, ки аз ин шумора дар соли 2018-ум 60 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз ин ҳисоб даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Тибқи иттилоъ, мувофиқи нақша 8 беморхона, 3 муасссиаи таълимӣ, 9 бунгоҳи тиббӣ, 13 меҳмонхона, 100 саркази хизматрасонӣ, таъмири 19 км роҳ, ду коргоҳи дӯзандагӣ, 11 майдончаи варзишӣ  ва дигар иншоот сохта мешаванд.

 Гуфта шуд, ки ҳоло аз 341 иншоот сохтмони 274 адади он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here