Бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди мамлакат, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмим гирифтааст, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои ниёзманди ҳашт шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Хатлон ва инчунин шаҳри Душанбе дасти кумак дароз кунад.

5-уми апрели соли 2021 кормандон ва волонтерони ЉХАТ 400 бастаи хуроквори ба Муассисаи давлатии тахсилоти умумии асосии “Мактаб-интернати №3 барои кудакони имконияти махдуддошта”-и шахри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази минтакавии хизмати ичтимои ба нафакахурон ва маъюбони шахри Душанбе” ва Муассисаи давлатии чумхуриявии “Хона-интернати махсуси №2” кумаки хайрияви намуданд.

Кумаки мазкур барои ҳар як нафар аз 50 кг орд, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг наск, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат буданд.

Ёрии ҲАТ ба хонаи кудакон ва пиронсолони Душанбе

Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гардид.

Тақсимоти бокимондаи кумак аз санаи 7 то 14 апрели соли 2021 таввасути кормандон ва волонтёрони ЧХАТ дар хамбастаги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахру нохияхои дар боло зикргардида сурат мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ин кумак ба 9,331 (нӯҳ ҳазору сесаду сиву як) оилаҳои ниёзманд, аз ҷумла ноҳияҳои Ҳамадонӣ 900 (нӯҳсад) оила, Муъминобод 900 (нӯҳсад) оила, Ховалинг 1,000 (ҳазор) оила, Фархор 1,000 (ҳазор) оила, Темурмалик 1,000 (ҳазор) оила, Ҷайҳун 1,000 (ҳазор) оила, Ҷалолиддини Балхӣ 900 (нӯҳсад) оила, шаҳри Кулоб 1,000 (ҳазор) оила ва шаҳри Душанбе 1,631 оилаҳои ниёзманд ва хона-интернатҳо кумаки хайриявӣ дар шакли маводҳои хӯрока дастрас карда мешавад.

Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии ҶҲАТ, қайд намуд: “Бояд иттилоъ дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла  шахсони дорои маъюбият дошта, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекӯшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд. Ин кӯмак натиҷаи вохурӣ бо намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмон ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ҷамъият ва Марказ ба ҳисоб меравад”.

Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 оғоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардӯстӣ ҷиҳати дастгирии ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 Ёрии ҲАТ ба хонаи кудакон ва пиронсолони Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here