Ахиран давлати Тоҷикистон дараи Яғнобро порки миллии табиӣ эълом кард. Ҳадаф аз ин иқдом ҳифзи муҳити зист, табиати мунҳасир ба фарди ин минтақаи кӯҳистонӣ ва мероси фарҳангии сокинони он хонда мешавад. Таъсиси порки миллии Яғноб дар ҳолест, ки сокинони ин минтақа дар шароити сахти кӯҳистонӣ зиндагии душворе доранд.
Хабарнигори ВВС дар ин гузориши худ дар бораи мушкилоти мардуми ин минтақа гуфтааст.