Додситонии кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи ҳодисаи 14-уми феврали соли равон дар ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё, воқеъ дар ҷануби ин кившар,  изҳороти расмӣ пахш намуд. Гуфта мешавад, ки ниҳодҳои маҳаллии Додситонии кул дар робита ба худсарона ишғол кардани заминҳои корам ва сохтани биноҳои истиқоматӣ аз тарафи як гурӯҳ шаҳрвандони ин кишвар монитронг гузаронидааст ва сохтмони биноҳои истиқоматиро ғайриқонунӣ арзёбӣ кардааст.

Бино ба натиҷаҳои ин мониторинг дар хоҷагии фермерии “Оқ-олтин манзаралари”-и ноҳияи Олтинсойи вилоят шаш сокини он худсарона 0,39 га майдони корамро ғасб намуда, барои худ манзил сохтаанд ва се оила хилофи қонун дар ин биноҳо сукунат ихтиёр кардаанд.

Гурӯҳи кории иборат аз ҳокими ноҳияи Олтинсой, додситон, сардори идораи корҳои дохилӣ ва мудири захираҳои заминӣ ва кадастри давлатии ноҳия ба назди ашхоси эътирозгар омада, тақозо кардаанд, ки биноҳои сохтаашонро аз ҳисоби худ вайрон кунанд. Ба онҳо фаҳмондаанд, ки агар ин корро анҷом диҳанд, аз ҷои дигар барои сохтумони манзил замин ҷудо карда медиҳанд.

Дар изҳороти Додситонии кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада, ки бо вуҷуди чорабиниҳои зиёди мақомоти маҳаллии ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё соҳибони ин манзилҳо ба вакилони ҳокимияти маҳаллӣ ва кормандони идораҳои интизомӣ сар нафаровардаанд ва вориди ихтилофу кашмакашиҳо шудаанд.

Ҳатто баъзе аз ин афрод бо хешу табори худ ин вакилонро бо таёқу санг ва зарфи бензин истиқбол гирифтаанд ва ба онҳо дарафтидаву ба ин васила хостаанд роҳ надиҳаанд, ки онҳо манзили сохтаашонро вайрон кунанд. Дар ин муқовиматҳо ду нафар ходими умури интизомӣ ва як сокини Олтинсой захм бардоштаанд.

Дар айни ҳол мардуми зиёд дар робита ба ин рафтори сокинони эътирозгар вокунишҳои мухталиф нишон медиҳанд. Ба ақидаи иддае аз онҳо ҳар як аъзои хонавода ҳуқуқи таъмин шудан бо ҷои зист ва ё сохтани манзилро дорад. Бояд ба ин оилаҳо давлат хона диҳад, ё онҳоро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин кунад.

Аммо иддаи дигар ба ин фикр ихтилоф нишон медиҳанд. Ба ақидаи ин гуруҳ  кори сокинони ноҳияи Олтинсой ғайр аз худсарӣ ва паст кардани обрӯ ва эътибори мамлакаташон чизи дигар нест. Рафтору ҳаракатҳои онҳо  хилофи қонунҳои кишварашон буда, аз идораҳои интизомӣ тақозо намудаанд, ки нисбати ин одамони қонуншикан ва худсар чораҳои интизомӣ андешанд.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса додситони ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва корҳои тафтишотиро ба роҳ мондааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here