Донишҷуёни Донишгоҳи давлатии шаҳри  Бохтар ба номи Носири Хусрав ба истеҳсоли ниқоби тиббӣ оғоз карда, то имрӯз беш аз 3 ҳазор ниқоб истеҳсол кардаанд.

Декани факултети технологияи донишгоҳи мазкур  Файзиддин Муродов дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж”гуфт, ки дар ин факултет коргоҳи дӯзандаги фаъолият мекунад, ки дорои 11 адад мошинаи дарздӯзӣ мебошад.

— Беш  аз 15 духтаре, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд,  ба духтани ниқоби тиббӣ ҷалб гардида, дар як рӯз  400-500 дона ниқоб медӯзанд, — гуфт ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз беш аз 3 ҳазор ниқоб аз ҷониби донишҷуён  дӯхта шуда, донишҷуёни 4 факултет ва онҳое, ки дар хобгоҳ ҳастанд,  пурра бо ниқоб таъмин шудаанд.

— Дар оянда ният дорем 9 ҳазору 762 донишҷӯи бахши рӯзона ва 941 устоду корманди техникии  Донишгоҳро бо  ниқоби тиббӣ таъмин созем, — илова кард Файзиддин Муродов.

Гуфта шуд, ки намунаи ниқобҳо аз Сарраёсати хадамоти давлатии тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here