Чойхонаи миллии “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор ҷойгир буда, дар баробари Қалъаи Ҳисор, ҳамчун иншооти машҳури кишвар ба бренди ин шаҳр табдил ёфтааст. Намои чойхона ба шакли харбуза буда,  он дар масоҳати 4,3 гектар бо дарозии 100 метр ва баландии 43 метр, соли 2015 ба муносибати 3000-солагии Ҳисор  бунёд гардидааст.

Тибқи гуфтаи сокинони шаҳри Ҳисор ин иншооти боҳашамат танҳо дар ибтидои бунёдаш чун чойхона фаъолият дошту баъди чанд вақт аз кор бозмонд. Чанд сол ба ин сӯ, дохили чойхонаи “Харбуза” “холӣ” буд. Сокинони шаҳри Ҳисор чанд маротиба иддао карда буданд, то иншооти мазкур аз нав фаъолияташро ба роҳ монад, лекин шикоят онҳо натиҷае надод.

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар нишасти хабариаш гуфтааст, тасмим дорад, дар чойхонаи “Харбуза” маркази бузургтарини таоми миллӣ “Оши палав”-ро таъсис диҳад.

— Бо мақсади ташкили Маркази омода намудани оши палави тоҷикӣ ният дорем беҳтарин ошпазҳои касбиро аз саросари кишвар ҷамъ намоем,  то ба мизоҷон ва дигар меҳмонони хориҷӣ, ки ба шаҳри Ҳисор меоянд, дар сатҳи баланд хизмат расонанд, — таъкид намудааст Шарифҷон Ҷумъазода.

Сокинони шаҳри Ҳисор ин иқдоми раисро хуш истиқбол кардаанд.

Фирӯз Шарифов сокини шаҳри мазкур гуфт, “агар дар гузашта бо пардохти ду сомонӣ дохили “Харбуза” мешудему аз бинои холии он таассуроте намегирифтем, умед мебандем, ки минбаъд бо ташкили маркази оши палав, ин чойхона макони дӯстдоштаи сокинон мегардад”.

Оши палав аз қабили хӯрокҳои асосии миллии тоҷикон буда, он қариб дар тамоми ҳудуди кишвар ба як тарз омода карда мешавад. Ҳатто дар Тоҷикистон ҳар сол дар як рӯзи муайян, иди оши палав таҷлил мешавад. Дар ин рӯз ошпазҳои моҳир дар дегҳои  бузург ба омодакунии оши палав машғул мешаванд.

Аввалин бор соли  2017 рӯзи оши палав бо ташкили фестивали бошукӯҳе дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар сатҳи хуб доир гашт. Як сол баъд, тирамоҳи соли 2018 дар боғи фарҳангиву фароғатии “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе низ, ин ид таҷлил гардид. Намоишгоҳи хубе ороста шуд.  Дар деги бузурге, бо заҳмати чандсоатаи ошпазон оши палав омода гашт. Вале “ошталош” ва муноқишае, ки сокинон дар хотимаи ин фестивал ташкил карданду навори онро дар торнамои Интернет партофтанд, шукӯҳи ин фестивалро то андозае коста кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here