Бо гузашти беш аз 24 соат, ё як шабонарӯз, то ҳол масъулини ҳавзаи интихоботии Вору-28 дар шаҳри Панҷакент аз натиҷаи интихоби вакилон ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғдро эълон накардаанд.

Бо вуҷуди он, ки дар интихобот байни ду номзад аз ҲХДТ ректори ДОТ дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ (10577 овоз) ва  сардори Шӯъбаи Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар вилояти Суғд Абдулваҳоб Давлатов (14184 овоз) тафовут беш аз 3500 овоз аст, аммо ба гуфтаи интихобкунандагони Давлатов рақиби ӯ Ансорӣ намехоҳад мағлубияташро эътироф кунад.

Барои Муаззамхон Ансорӣ, ки бовар дошт бештар овозҳоро соҳиб мегардад, мағлубият ногаҳонӣ буд.

Интихобкунандагони Давлатов иҳзор медоранд, ки ҳатто дар зодгоҳи ректори ДОТ деҳаи Некнот 35 дарсади мардум овози худро ба тарафдории Давлатов додаанд.

Миш-мишҳое аз Панҷакент мерасанд, ки гӯё Ансорӣ одами даркорӣ ва «корбудкун» ҳасту нафъаш ба ҳукумати маҳаллӣ бештар мерасад, аз ин рӯ ӯ бояд ҳатман вакил интихоб шавад. Кор то ба раиси вилоят расидаасту баъзеҳо назар доранд, ҳатто дахолати раиси вилояти Суғд низ дар интихобот ва баҳс байни ин ду нафар номзад шояд мавҷуд ва ҳалкунанда бошад.

Як нафар аз Панҷакент, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода, инчунин, роҳбари Миссияи мушоҳидони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), муовини Дабири кулли СҲШ Нурлан Аккошкаров интихоботи баргузоршударо демокративу шаффоф эълон намуданд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳавзаи интихоботии «Вору» №28-и шаҳри Панҷакент аз номзаде, ки 14184 нафар овози мардумро гирифтааст талаб доранд, ки аз рақобат даст кашад ва овозҳои гирифтаашро ба номзади дигар диҳад.

Қарор ҳам қабул намуданд, ки Давлатов Абдуваҳоб 14184 нафар раъйи мардумро ба даст овард ва Муаззамхон Ансорӣ  10577 нафар овозро соҳиб шудаасту халос. Мушкил чист? Агар тақаллуб бошад, пас чаро интихоботро шаффоф эълон карданд? Агар раъйи 4000 нафар ба назар гирифта нашавад, пас чаро интихобот мегузаронанд?

Интихобкунандагон мегӯянд, Ансорӣ дирӯз 2-юми март оҷилан ба Хуҷанд рафта, Қарори маҷлиси комиссияи интихоботро аз нав тартиб дода омадааст. Ин дар ҳолест, ки протоколи аслии комиссияи интихобот дар дасти ҷонибдорони Давлатов ҳаст.

Бибиҷон Ашӯрова

2 ШАРҲҲОИ

  1. Кани адолат агар Давлатов галаба кардас чаро дигарон голибиятро бадас меорад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here