Дар давоми 5-7 соли охир мо ҳама дар бораи «рақамисозӣ», «рақамӣ», «зеҳни сунъӣ», «шабакаҳои нейрон», «хадамоти дурдаст» ва дигар соҳаҳои марбута, инчунин раванди автоматизатсия ва ҳазфи дастрасӣ ба онҳо борҳо шунидаем. Бо вуҷуди ин, дар соли 2020 ҷараёни пешрафти ин технологияҳо шиддат мегирад ва ба таври ҳайратангез дар ҷаҳон пандемияи ҷорӣ гардида ба ин васила такони тозае бахшид. Шумораи ҳарчи бештари одамон ба кори дурдаст мераванд ва масъалаи идоракунии фосилавии молиявӣ ҳоло бештар шиддат мегирад.
Дар ҳоле, ки пештар асосан ҷавонон барномаҳои замимаҳои гуногунро аз бонкҳо истифода мекарданд, насли калонсол ба технологияҳои нав боварӣ надоштанд ва аз истифодаи хизматрасониҳои маъмулии бонки анъанавӣ, яъне ба дафтарҳо ташриф овардан ва амалиёти худро тавассути мошини назоратӣ анҷом додан истифода мекарданд.
Албатта, тағйир додани одатҳои худ ва омӯхтани чизи нав душвор аст, аммо дар айни ҳол роҳи дигаре вуҷуд надорад, зеро барои инсон аз ҳама чизи муҳим, ки дар хатар аст, ин саломатӣ мебошад.
Дар шароити ҳозира барои мизоҷон хизматрасонии фосилавӣ хеле муҳим буда, бонки “Имон Интернешнл” ҳамаи шарту шароитҳоро ба инобат гирифта, барномаи мобилии банкингро ба мизоҷон пешниҳод менамояд, ки онро шаҳрвандон метавонанд аз PlayMarket ва AppStore ба телефони мобилии худ ҳифз намоянд.
Бинобар ҳамин ҳам, пеш аз ҳама барои ҷустуҷӯ мизоҷон аввал ба IMONONLINE бояд ворид шаванд. Барои истифодаи тамоми хизматрасониҳои ин барнома, шаҳрвандон бояд суратҳисоб кушояд ё ин ки корти «Имон Интерншнл» дошта бошад.
Боз кардани суратҳисоб ройгон буда, бо истифодаи барномаи мобилии банкинг аз “Имон Интерншнл” шаҳрвандон имконият доранд, ки дар хона нишаста, амалиётҳои зеринро иҷро кунанд:
— тавозуни телефонро пур намудан;
— пардохти хизматҳои коммуналӣ;
— кушодани суратҳисоби бонкӣ;
— пасандоз кушоед (барнома ба шумо барои интихоби дурусти амонати дилхоҳи маҳсулот кӯмак менамояд);
— пардохти қарзи ҷорӣ ё ин ки пеш аз муҳлат баргардонидани он;
— интиқоли пул аз Федератсияи Русия ба корт ва суратҳисоби худ;
— интиқоли маблағҳо дар қаламрави Тоҷикистон.
Айни замон мизоҷони “Имон Интерншнл” интиқоли маблағҳоро дар дохили Тоҷикистон зиёд анҷом дода истодаанд. Барномаи мобилии банкинг аз “Имон Интернешлн” се роҳи интиқоли маблағро дар кишвар ба роҳ мондааст:
Усули 1: аз корт ба корт. Ин усул барои онҳоест, ки корти “Имон Интернешнл” доранд ва мехоҳанд аз ҳисоби худ ба нафароне, ки аз корти “Имон Интернешнл” истифода менамоянд, маблағ интиқол диҳанд.
Агар шумо нияти ин усулро истифода бурданро доред, пеш аз ҳама бояд боварӣ ҳосил намоед, ки корти нафаре, ки шумо маблағ фиристоданӣ ҳастед, ба намуди корти шумо монанд аст, ба мисли «Корти Милли”, «Имкон».
Дастурамал:
— корти худро интихоб кунед;
— рақами корти қабулкунандаро ворид кунед;
— миқдорро ворид намоед ва шарҳ диҳед. Масалан, «Ёрии моддӣ»;
— тугмачаи «Иҷро кунед»-ро пахш кунед.
Усули 2: Интиқоли маблағ ба муштарии дигар бонк. Ин усул барои интиқоли маблағ ба нафароне, ки корти бонкӣ надоранд, вале суратҳисоби бонкӣ доранд, мувофиқ аст. Дар ин ҳолат, ирсолкунанда бояд реквизитҳои бонки гирандаро пур кунад (шумо танҳо бояд номи бонкро бо ҳарфҳои лотинӣ дар ҷустуҷӯ гузоред ва тафсилоти тайёр пайдо мешавад).
Дастурамал:
— корти худ ё ҳисоби худро интихоб кунед;
— маблағро ворид кунед;
— бонки қабулкунандаро интихоб намоед;
— рақами суратҳисоб, ному насаб ва рақами ААИ мушаххаси гирандаро дохил кунед;
— тугмачаи «Иҷро кунед»-ро пахш кунед.
Усули 3 (аз ҳама қулай): интиқол байни мизоҷони «Имон Интернешнл». Ин усул зудтарин ва қулай аст. Дар ин ҳолат, ирсолкунанда ва қабулкунанда бояд корт ва суратҳисоби бонкӣ аз «Имон Интернешнл» дошта бошанд ё ин ки суратҳисоби худро дар бонки мазкур кушоянд. Барои интиқоли маблағ ба ягон нафар донистани рақами мобилии ӯ кифоя аст.
Дастурамал:
— корти худ ё ҳисоби худро интихоб кунед;
— рақами суратҳисоб, рақами корт ё рақами телефони қабулкунандаро ворид кунед;
— ному насаби гиранда нишон дода мешавад;
— маблағро ворид кунед;
— тугмачаи «Иҷро кунед»-ро пахш кунед.
Барои гирифтани маблағ аз корти “Имон Интернешнл” мизоҷон метавонанд аз банкоматҳои ин ширкат ё банкоматҳои дигар муассисаҳои молиявӣ истифода баранд. Барои гирифтани маблағ аз ҳисоби пасандозе, ки дар бонки “Имон Интернешл” кушода шудааст, яке аз филиалҳои бонк (зиёда аз 130 дафтар дар кишвар мавҷуд аст) ба мизоҷон дастрас мебошад.
Идоракунии молиявии фосилавӣ дар Тоҷикистон маъмул гашта истодааст, зеро он қулай буда, вақти зиёдро сарфа мекунад ва дар шароити кунунӣ инчунин имкон медиҳад, ки аз ҷойҳои серодам пешгирӣ кунанд. Умедворем, ки пандемияи ҷаҳонӣ ба зудӣ хотима меёбад, аммо рушди технологияҳои рақамӣ боқӣ хоҳад монд.