Имомхатиби масҷиди “Сулҳ”-и Тошканд Шермурод Туғай, ки бо навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, ин бор пешниҳод кард, ба пайравони “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва гуруҳи тундгарои “Давлати исломӣ” ҳукми қатл дода шавад.

“Нисбати онҳо бояд мисли давлатҳои исломӣ ҳукм ҷорӣ шавад. Набояд нисбати душманони дин ва мардуми мо, ки монеи рушд мешаванд, ғамхорӣ кард. Онҳо ба зиндон, ғизо ва шароити ройгон одат кардаанд. Аз онҳо ба касе фоида намерасад”, — навиштааст ӯ дар саҳифаи Фейсбук.

Ӯ гуфтааст, ба хотири оромии мардум ин ақидаро пешниҳод мекунад.

“Ин кори нодуруст аст, ки онҳо ҳатто баъди манъи ҷазои қатл дар Ӯзбекистон ва озодиҳое, ки ба мардум дода шудааст, чунин харобкорӣ мекунанд. Мо мебинем, ки дар ҷаҳон чи корҳо сурат мегирад. Онҳо масҷидҳоро дар Миср, дар нимҷазираи Синой метарконанд. Ҳатто президенти ИМА Трамп мегӯяд, ки бояд ба онҳо ҷазои қатл таъйин шавад. Ман бо пешниҳоди ин фикр оромии мардумро хоҳонам”, — гуфтааст Шермурод Туғай.

Дар ҳамин ҳол, ин имоми масҷиди Тошканд гуфтааст, навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ фикри шахсии ӯянд ва набояд ҳамчун фатво қабул шаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here