Чипе, ки давоми 15 дақиқа COVID-19-ро маълум мекунад, ихтироъ шуд. Оҷонсии VestiRu созандаи онро Агентии федералии тиббу биоложӣ муаррифӣ карда, дар саҳифаи расмии Инстаграмаш тарзи  истифодаи онро рӯнамоӣ кард. 

Квадратҳои пластикии на он қадар бузург метавонанд, ҳаёти аксариятро наҷот диҳанд. Дар онҳо “реагентҳо” насб шудаанд, ки ба василаи он шинохтани   коронавирус осон мегардад. Чипҳо дар дастгоҳи махсус дароварда шуда,  бо гузашти чоряки соат натиҷа дар экран намудор мешавад.

Воситаи дигари озмоиш-система имконият медиҳад, ки шумораҳои антителро (моддаҳое, ки дар натиҷаи ба организм дароварда шудани сафедаҳои бегона, бактерияҳо ва ғайра пайдо мешаванд ) муайян кунад.  Бо ин васила иттилоот дар бораи  кулли масуният ба даст омада, ҷойҳои осебпазири организмро барои ҳимоят кардан мувофиқ месозад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here