Ёва яке аз деҳаҳои наздиктарин ба Хуҷанд буда, аз рӯйи гуфти мӯйсафедон  пештар хуҷандиён он ҷо киштукор мекарданд. Имрӯз дар ин ҷамоат зиёда аз 45 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.

Истиқоматкунандаи ҷамоти Ёва, маҳаллаи «Қорӣ бобо», кӯчаи Муллочил Бобоев 48 Мансурҷон Қурбонов зимни кофтани таҳхона дар хонаи истиқоматиаш тангаеро ёфтааст.

– Кӯчаи мо нисбат ба дигар тарафҳо 3-4 м чуқуртар аст, – гуфт сокини ҷамоат. – Вақте аз 1 м зиёдтар кофтем, ногаҳон ба чашмам танга афтод, намедонам, ки ин чӣ намуд танга аст.

Устоди факултети таърихи ДМТ Нурмуҳаммад Абдуҳомидзода акси тангаро тариқи месенҷер дида тахмин зад, ки шояд ба давраи манғитҳо тааллуқ дошта бошад.

– Ба шарофати тангаҳо муаррихон перомуни воқеаҳои таърихӣ маълумоти бештар мегиранд, –  гуфт таърихдон. – Барои муайян кардани навъи танга назари  археологҳо ногузир аст.

Чанде пеш олимону муҳақкиқон ва шахсони барӯманди Ёва дар доираи як ҷаласа ба қароре омадаанд, ки бахшида ба 100-солаги ҷамоати Ёва китоби «Таърихи Ёва»-ро  тасниф мекунанд.

Добавить комментарий