3 рӯз инҷониб бо дастури раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра тадбирҳои безараргардонӣ роҳандозӣ гардидаанд.
— Ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти короновирус дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии сирояти COVID-19 дар шаҳри Хуҷанд амалӣ карда мешаванд, — хабар медиҳад роҳбари дафтари матбуоти раиси шаҳр.
Беш аз як моҳ инҷониб тамоми нақлиёти мусофирбар пеш аз ба кор баромадан ва баъди он безарар гардонида мешаванд. Ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 идома меёбанд.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешвад, ки ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус анҷом ёфта, роҳҳои мошингарди шаҳр асосан шабона безарар гардонида мешаванд ва он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад.