Фазлиддин Ахмедов як тан аз соҳибкорони шаҳри Хуҷанд аст. Ба наздикӣ ӯ аз ихтирои навбатиаш, ки марбут ба пешгирии  коронавирус  аст, хабар дод. Ӯ зимни тамошои чанд навор ба қароре омад, ки алайҳи Covid -19  кабинаи махсуси безарардонӣ созад.

Тавре ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони маҳалли «7 ситора» гуфтааст, ин таҷҳизотро давоми 4 рӯз сохта ба итмом расондааст.

— Барои сохтани кабина 5 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Онро метавон дар даромадгоҳи дилхоҳ бино кор фармуд, — мегӯяд Фазлиддин Ахмедов. — Маҳлулҳои безараркунанда, ки аз деворҳои болоии кабина пош мехӯранд, ҳамагӣ давоми 6 сония сарулибоси одамро безарар мегардонад, — тарзи кори кабинаро эзоҳ дода илова кард ӯ, —  безараргардонии беш аз ҳазор нафар ҳам ба иқтидори он рост меояд.

Ихтироъкор мегӯяд, ки агар ширкатҳои номӣ аз кабина бихаранд, ӯ иқдоми дигареро низ пеш мегирад. Аз номи онҳо ба дигар ҷойҳои ҷаиъиятӣ ва  корхонаҳои ниёзманд тӯҳфа хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here