Клуби футболи “Хуҷанд” дар бозии аввали даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 аз “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозӣ 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Курманбек”-и Ҷалолобод (Қирғизистон) баргузор шуд. Голи ягонаро легионери украинии “Нефтчӣ” Александ Игнатенко дар дақиқаи 50-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии ҷавобии дастаҳо 26-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ғолиби ин ҷуфт ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳхат мегирад ва дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here