Мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳудуди кишвар 113 нафарро бо гумони ҳамкорӣ ба гуруҳи “Ихвон-ул муслимин” боздошт кардаанд, ки дар миёнашон ду шаҳрванди хориҷӣ низ ҳаст. Илова бар ин, шахсияти боз ду шаҳрванди дигари хориҷӣ барои даст доштан дар ин ҷиноят муайян карда шудааст.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, барои дастгир кардани гумонбарон дар ҷиноят аз ҷониби Прокуратура чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳарчанд худи Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотӣ ба хотири халал ворид кардан ба рафти тафтишот ва муносиботи дипломатӣ аз гуфтани ном ва табааи дастгиршудагони хориҷӣ худдорӣ кард, аммо як манбаъи муътамад дар Прокуратураи генералӣ ба “Фараж” гуфт, боздоштшудагон шаҳрвандони Миср мебошанд.

Мавҷи боздошти шаҳрвандони кишвар бо гумони узвият ба гуруҳи мамнуъи террористию экстремистии “Ихвон-ул муслимин” авоили моҳи январи имсол сурат гирифт ва мувофиқи иттилои ғайрирасмӣ, миёни онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии мамлакат низ шомил ҳастанд, аммо мақомот танҳо дар хусуси як нафар намояндаи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Исфара маълумот медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки “Ихвон ул муслимин” созмони мазҳабӣ-сиёсӣ мебошад, ки моҳи марти соли 1928 аз тарафи Ҳасан ал Банна дар Миср ташкил шудааст. Созмони мазкур соли 2013 бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон ба рӯйхати созмонҳои мамнуъи экстремистӣ-террористӣ ворид карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here