Ташкилоту идораҳои буҷетӣ, аҳолӣ ва ширкатҳои давлатию хусусӣ дар назди КДФ Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи зиёда аз 37,3 миллион сомонӣ қарздор шудаанд.
Роҳбари намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” дар вилояти Хатлон Аслиддинзода Фахриддин зимни суҳбат ба хабарнигори ”Фараж” гуфт, аз ҷамъи умумии қарз ба аҳолӣ 24 миллиону 310 ҳазору 696 сомонӣ, ба ташкилоту идораҳи буҷетӣ 10 миллиону 132 ҳазор ва ба ширкатҳои давлатию хуссусӣ 2,9 миллион сомонӣ рост меояд.
Манбаъ аз он нигаронӣ кард, ки ҳоло 70-80 дарсади системаи обу корез дар шаҳру ноҳияиҳои вилояти Хатлон куҳнаву фарсуда гаштаанд.
— Аз ин ҳисоб зуд-зуд садама рух медиҳад. Агар муштариёни қарздор маблағи оби истифодакардаашонро пардохт кунанд, мо имкони таъмир хатҳои обу корезро пайдо мекунем, — афзуд Аслиддинзода.
Зикр гардид, ки КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят” аз андоз зиёда аз 10 миллион сомонӣ қарздор мебошад.