Соли 2019-ум дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 56 нафар соҳибкор ва масъулони субектҳои хоҷагидорӣ барои ба фӯруш баровардани молу маҳсулоти ғайристандартӣ, муҳлати истеъмолашон гузашта ва барои фиреби истеъмолкунандагон, риоя накардани қоидаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба маблағи 249 ҳазору 220 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Роҳбари «Тоҷикстандарт»-и вилояти Хатлон Сайдализода гуфт, ки соли гузашта дар озмоишгоҳи вилоят  6 ҳазору 188 намунаи хурокворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ барои ташхис пешниҳод карда шуд. “Аз он 1008 ҳолат маҳсулот аз руи сифат, бехатарӣ ва тамғагузорӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ  ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набуда, ғайристандартӣ дониста шуданд, ки зиёда аз 148 ҳазору 840 килограмро ташкил медиҳанд”, — илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки бештари маҳсулоти бесифатро шир (495 кг), равғани растанӣ (1079 кг), маҳсулоти гӯштӣ (2305 кг), ҳасиб (567 кг), тухми мурғ (582 кг),  орди гандумӣ (16000 кг), меваю сабзавот (11400 кг), намаки ош (43207 кг), машрубот (1248 литр),  обҳои ташнашикан ( 1342 литр),  меваи хушк (5132 кг), чой ( 121 кг), қандакҳои истеҳсоли Чин (143 ҳазору 378 дона), бозичаҳои кӯдакона (24 ҳазору 402 адад), тамоку (5 ҳазору 699 қуттӣ) ва  маҳсулоти қаннодӣ (42 ҳазору 188 кг) ташкил мекунанд, ки аз муомилот гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here