Дар назар аст, ки то нимаи соли 2020, ҶСК “Нуриҳои Осиё”-шаҳри Левакант, ки чанд сол боз аз фаъолият монда буд, дубора ба кор оғоз кунад.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода рӯзи 10 январи соли 2020-ум дар ҷамбасти соҳаҳои хоҷагии калқи вилояти Хатлон дар соли 2019, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилояти Хатлон баргузор гашт, ба вазири молия дастур дод барои таҷдиди корхонаи мазкур 150 миллион сомонӣ ва барои кашидани хати лулаи газ аз ноҳияи Ёвон 50 миллион сомонӣ ҷудо кунад.
Агар корхона ба фаъолият оғоз кунад дар соли 2020-ум 80 ҳазор тонна ва соли 2021-ум то 200 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ истеҳсол хоҳад кард.
Ба гуфти сарвазир, соли гузашта ба вилояти Хатлон 37 ҳазор тонна нуриҳои менералӣ ворид шудааст.
Ба гуфти масъулини шаҳри Левакант, дар сурати ба кор шуруъ кардани корхона
ҳазорҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба буҷет даҳҳо миллион сомонӣ ворид мегардад.