Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар арафаи ҷашни Наврӯз, 20-уми март, ба Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар маводи ғизоӣ ва дигар туҳфаҳо тақдим кард.
Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода дар суҳбат гуфт, ки ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои роҳбари давлат амалӣ карда мешавад.
— Аз ҷониби кормандони раёсати молияи вилоят дар ҳар иду ҷашн ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон, барҷомондагон, Хонаи пиронсолон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа ёрӣ расонида мешавад ва ин иқдом дар оянда низ идома хоҳад ёфт, — илова кард ӯ.