Дар вилояти Хатлон соли 2019-ум 301 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари онҳо 130 нафар вафот карда 343 шаҳрванди дигар бо бардоштани ҷароҳатӣ гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд.
Дар ин бора имрӯз, 6-уми феврал, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Сулаймон Исозода хабар дод.
— Рух додани садамаҳои нақлиётӣ, фавт ва маҷруҳ шудан нисбат ба соли 2018 кам шудааст, — илова кард сардори раёсати мазкур.
Мутассифона Исозода Сулаймон натавонист бигӯяд, ки аз шумораи фавтидагон чанд нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.